Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Эълон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Дастгоҳи марказӣ (ш.Душанбе):

 

  • муовини сардори Ситод
  • ваколатдори калони оперативӣ
  • ваколатдори калони оперативӣ
  • сардори зершуъба
  • нозири Шуъбаи кинология
  • муовини сардори Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ
  • сардори Шуъбаи тафтишотӣ
  • нозири Шуъбаи воситаҳои оперативӣ-техникӣ ва алоқа
  • ронандаи Шуъбаи молиявӣ-хоҷагӣ

 

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

 

  • нозири калони қисми оперативӣ-навбатдорӣ
  • ваколатдори калони оперативӣ дар ноҳияи Дарвоз

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон: 

 

  • сардори Шуъба
  • ваколатдори оперативӣ
  • нозир – коргузор
  • ёрдамчии навбатдор
  • ронанда
  • муовини сардор, ҳамзамон сардори зершуъбаи Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоб

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд:

 

  • нозири калон оиди корҳои ситоди
  • нозири калони қисми хоҷагӣ
  • нозири гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
  • ронанда

 

 

Талабот нисбати довталабон:

  • шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳуҷҷатҳои номзадон дар асоси вазифаҳои пешниҳодгардида вобаста ба ихтисосашон қабул карда мешаванд (доштани маълумоти олии соҳавӣ ҳатмист);
  • донистани забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
  • маҳорати хуби кордонӣ дар самти кор бо истифодаи барномаҳои компютерӣ ва таҷҳизоту технологияи нав;
  • синну сол аз 20 сола то 35 сола (ба шахсоне, ки бори аввал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор медароянд);
  • мувофиқати вазъи саломатӣ;
  • доштани уҳдадории ҳарбӣ;
  • довталабон аз озмун мегузаранд (санҷиши хаттӣ, санҷиши сатҳи савияи дониш, санҷиши тайёрии ҷисмонӣ);
  • ба шахсоне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар самтҳои дар озмун эълон шуда собиқаи кории қаблӣ доранд, инчунин дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, имтиёз дода мешавад.

 

Эзоҳ: Ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун аз 01 то 15 апрели соли 2021 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 52 қабул карда мешаванд.

 

        Телефони боварӣ барои тамос 233-02-95