Шаҳркадаи Тахти сангин — дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Маскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин (1300 номгӯй) маълум аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар ноҳияи Қабодиён (собиқ Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли Осорхонаи миллии Британиё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» (Окс – номи қадимаи Амударё) аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар Осорхонаи миллии Британиё ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.
Кофтукоби ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд. Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.