Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштирок дар Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар


Санаи 12 апрели соли 2021 Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар  кори худро оғоз намуд.
Иҷлосияи  мазкур аз 12 то 16 апрели соли ҷорӣ тариқи маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СММ ва намояндагони  дигар ташкилотҳо  иштирок ва баромад намуданд.

Директори Агентӣ, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо маърӯза  баромад намуда, вазъи маводи нашъаоварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2020, пешравиҳо ва проблемаҳо дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баён доштанд.
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷараёни мулоқот доир ба дастгирии мунтазами мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷониби Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, кишварҳои донор дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ибрози назар карда, ҳамкориҳои тарафайнро мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводҳои нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ дар байни аҳолӣ, хусусан  ҷавонон суханронӣ намуда, оид ба усулҳои нави фӯруши ин маводҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки кори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро мушкил мегардонад, мубодилаи афкор намуд. Инчунин ҳамоҳангии ҷомеаи байналмилалиро тавасути Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва дигар кишварҳои ширкаткунандаи ҷаласа дар пешгирии ин омили номатлуб даъват ба амал овард.

Дар анҷоми суханронии худ Директори Агентӣ баён доштанд, ки мо ҳамкориро дар мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар пурзур намуда, ҳамзамон дар ҳифзи башарият аз ин падидаи номатлуб саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони “Механизмҳои байналмилалӣ ва чораҳои минтақавӣ, 60-солагии Конвенсияи ягонаи СММ оид ба маводи нашъаовар ва 10-солагии Ёддошти тафоҳум байни СҲШ ва UNODC”,  ва  дар чорабини канори Федератсия Россия дар мавзуи “Пандемияи COVID-19” таъсири он ба мушкилоти ҷахони маводи нашъаовар: таҳдидҳои нав ва дурнамо, ки таркиқи маҷози баргузор гардиданд, иштирок ва суханрони намуданд.

Чорабиниҳо дар доираи баргузории Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар идома доранд.