гирифтани ҳуҷҷат : Стратегия
Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «20» марти соли 2021,
№145
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (минбаъд – Стратегия) санади стратегии банақшагирӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ таҳия шудааст.
- Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъамандро ҳамоҳанг месозад.
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Ҳадафҳои асосии Стратегия ин таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.
- Расидан ба ҳадафҳои Стратегия бо амалӣ намудани чорабиниҳои пайдарпай ва самарабахш дар самтҳои зерин имконпазир мебошад:
– таъмини саривақтии сиёсати давлатӣ дар самти назорати маводи нашъаовар бо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– тақвият бахшидани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар;
– таҳкими низоми самараноки пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд;
– коҳиш додани теъдоди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои ошкорнашудаи марбут ба маводи нашъаовар;
– таҳияи механизми самаранок дар самти муайян ва дастгир намудани саркардагон ва аъзои гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб;
– самарабахш ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар;
– коҳиши дастрасӣ ба маводи нашъаовар, ки бо мақсадҳои муомилоти ғайриқонунӣ ва ё сӯиистеъмол истифода бурда мешаванд;
– бақайдгирии саривақтии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, баланд бардоштани сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо;
– таҳким бахшидан ба низоми назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъаовар;
– омода намудани кадрҳои баландихтисос барои пешбурди фаъолият дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва бозомӯзии фаъолону волонтёрон дар ин самт;
– рушд ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати маводи муомилоти нашъаовар.
- Барои амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти назорати маводи нашъаовар чораҳои зерин андешида мешаванд:
– таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегия дар давраи татбиқи он;
– густариши механизми ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар;
– беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ;
– таҳким бахшидан ба низоми ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти назорати сарҳадӣ бо мақсади муайян ва қатъ намудани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар;
– беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои наркологӣ ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави табобати беморони нашъамандӣ, бунёди муассисаҳои табобатӣ ва офиятбахшӣ;
– баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва табобати нашъамандон, ҳамчунин офиятбахшии беморони нашъамандӣ;
– мониторинги вазъи нашъамандӣ ва муомилоти маводи нашъаовар.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
- Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки масъулият ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар давра ба давра чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
- Бо мақсади коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истеъмоли ғайритиббии онҳо, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №1409 Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардид.
- Дар натиҷаи амалишавии Стратегия дар солҳои 2013-2020 самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъамандӣ баланд гардида, чораҳои зерин амалӣ карда шуданд:
– аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 6664 ҷинояти марбут ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта, аз муомилоти ғайриқонунӣ 33 тоннаю 210 килограмму 65 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз ҷумла 2 тоннаю 261 килограмму 523 грамм героин, 7 тоннаю 850 килограмму 592 грамм афюн, 23 тоннаю 45 килограмму 466 грамм гурӯҳи бангдона ва 52 килограмму 484 грамм дигар намуди маводи нашъаовар мебошанд. Ҳамчунин 68 ҳазору 787 адад ҳабҳо ва 81 килограмму 757 грамм моддаҳои психотропӣ ошкор ва мусодира карда шудааст;
– тибқи маълумоти оморӣ шумораи содиршавии ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар ба таври назаррас коҳиш ёфта, аз 936 ҷинояти соли 2013 ба 700 ҷиноят дар соли 2020 расид;
– мусодираи маводи нашъаовар ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, аз 6 тоннаю 686 килограмм дар соли 2013 ба 2 тоннаю 425 килограмм дар соли 2020 расид;
– фаъолияти 53 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва қатъ карда шуда, 115 нафар аз ҳисоби саркарда ва аъзоёни фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд;
– миқдори зиёди маводи нашъаовари тариқи қочоқ ба Тоҷикистон воридшуда дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон мусодира мегарданд. Масалан, аз 33 тоннаю 210 килограмму 65 грамм маводи нашъаоваре, ки тўли солҳои 2013-2020 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира гардидаанд, 18 тоннаю 179 килограмму 367 грамм ва ё 54,7 фоизи онҳо ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ рост меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили ҷумҳурӣ ва минбаъд интиқоли он ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштааст;
– дастгиршавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар ва мусодираи маводи нашъаовар аз онҳо рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Масалан, агар соли 2013 дар хориҷи кишвар 371 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардида, аз онҳо 1 тоннаю 189 килограмму 921 грамм маводи нашъаовар мусодира шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли 2020 205 нафар шаҳрванд дастгир карда шуда, аз онҳо 109 килограмму 663 грамм маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа 55,2 фоиз ва мусодираи маводи нашъаовар 10,8 маротиба коҳиш ёфтааст;
– солҳои охир дар Тоҷикистон коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар ба мушоҳида расида, шумораи нашъамандон аз 7176 нафар дар соли 2013 то 5099 нафар ба ҳолати 1 январи соли 2021 расидааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъамандӣ 3714 нафар ё 72,8 фоиз истеъмолкунандагони навъи героин буда, аз ин шумора 2835 нафарашон истеъмолкунандагони героин тавассути сўзандору мебошанд. Имрўз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 55 бемори нашъамандӣ рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хеле паст аст;
– бо қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №121 Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар таҳрири нав тасдиқ гардида, номгўи моддаҳои психотропӣ ба 359 адад расонида шуд, ки ин дастовард дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави моддаҳои психоактивӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузошт.
- Новобаста ба тадбирҳои андешидашуда ва натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ таҳдидҳои зерин ҷой доранд:
– қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд интиқол ёфтани он ба дигар давлатҳо;
– васеъ гардидани савдои ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути шабакаи интернет, аз ҷумла «бидуни аз даст ба даст додан»;
– қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои аз фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастомада аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷиноятӣ;
– воридшавии ғайриқонунии намудҳои нави моддаҳои синтетикии нашъадор ва психотропӣ ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, аз давлатҳои хориҷа;
– тарғиби маводи нашъаовар тавассути шабакаи интернет ва дигар тарзу воситаҳо;
– афзоиши талаботи аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба моддаҳои нави психотропӣ ва дар ин замина зиёд гардидани ҳолатҳои бе таъиноти табиби соҳа истеъмол намудани дорувориҳои дар таркибашон маводи нашъадордошта;
– содир шудани дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби нашъамандон;
– эҳтимоли афзоиши оқибатҳои тиббии иҷтимоӣ аз сӯиистеъмоли маводи нашъаовар;
– афзоиши миқдори сироят аз бемории вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), гепатитҳо ва дигар бемориҳои сироятӣ;
– эҳтимолияти зиёд шудани вайроншавии оилаҳо ва бепарастор мондани кӯдакон;
– норасоии теъдоди табибони нарколог дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
3.МУҚОВИМАТ БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ
- 1. Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор,
моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор,
- Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
– пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти ваколатдор дар самти пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ва минбаъд интиқол ёфтани он ба давлатҳои хориҷа;
– такмили низоми назорат дар сарҳади давлатӣ ва гумрукӣ бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, инчунин гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар;
тақвияти пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд;
табодули саривақтии иттилооти оперативӣ байни мақомоти ваколатдор;
- гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла дар самти ошкор намудани маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастомада, ташкили табодули саривақтии маълумоти оперативӣ байни мақомоти дахлдор;
- баргузор намудани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда;
- ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
– такмили тарзу усулҳои ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла дар шабакаи интернет;
- тақвияти муқовимат ба паҳншавии ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар тиб истифода мешаванд;
- таҳлили вазъи мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар ҷиҳати муайян намудани дурнамои фаъолият дар ин самт.
- 2. Назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор,
моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор
- Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва пешгирии ба муомилоти ғайриқонунӣ гузаштани онҳо, ки эҳтимолияти зиёд шудани шумораи шахсони сӯиистеъмолкунандагони маводи нашъаоварро ба миён меорад, инчунин барои пешгирии истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва коҳиши оқибатҳои тиббии иҷтимоӣ аз он тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
– такмил додани низом ва механизми назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар бо дар назар доштани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт;
– таҷдиди назар намудани меъёрҳои милии муқарраргардидаи дар иртибот ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
– содагардонии тартиби дастрасии мақсадноки воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба эҳтиёҷмандон ва ба прекурсорҳо барои истифода дар саноат ва дигар соҳаҳои дахлдор;
– пешгирии истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, бо мақсади коҳиши оқибатҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ аз он;
– роҳ надодан ба қонунигардонии маводи нашъаоваре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти онҳо манъ гардидааст;
– дар асоси тибби далелнок ба роҳ мондани тавсияҳои тиббӣ оид ба истеъмоли дорувориҳое, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ доранд;
– ташкили низоми ягона ва мутамарказонидаи назорати муомилоти маводи нашъаовар бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии вазифаҳои назоратбарӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор.
- 3. Пешгирии нашъамандӣ
- Коҳиши талабот ба маводи нашъаовар дар самти пешгирии нашъамандӣ дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
1) пешгирии якумдараҷаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола барои аҳолӣ чорабиниҳои пешгирикунандаи иттилоотӣ ва маърифатӣ баргузор менамоянд;
2) пешгирии дуюмдараҷаи нашъамандӣ тавассути табобати умумӣ ва махсуси наркологии шахсони гирифтор ба бемории нашъамандӣ дар заминаи муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият амалӣ мегардад;
3) пешгирии сеюмдараҷаи нашъамандӣ дар шароити статсионарӣ ва амбулаторӣ тавассути роҳандозии барномаҳои коҳиши зарар ва офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.
- Фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъаманд дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
4. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ КАДРӢ ДАР САМТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ
- Бо дар назар доштани густариши имкониятҳои технологӣ ва дар ин робита васеъ гардидани имкониятҳои ҷинояткорон, инчунин тағйир ёфтани тарзу усулҳои содиршавии ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар зарурати такмил додани донишу маҳорати тахассусии кормандони мақомоти давлатӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба миён омадааст. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон омили самарабахш ва яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот ба шумор меравад.
- Вақтҳои охир содиршавии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, бо истифода аз шабакаи Интернет тамоюли зиёдшавӣ дошта, кормандони мақомоти ваколатдорро водор месозад, ки шаклу усулҳои нави ошкор ва кушодани ин гуна ҷиноятҳоро бо истифода аз технологияҳои навтарин бо ҷалби мутахассисони соҳавии дохилию хориҷӣ аз худ намоянд.
- Дар баробари такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба таълими ҳуқуқии мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самт диққати ҷиддӣ дода шавад. Аз ҷумла:
– масъулини марказҳои матбуоти вазорату идораҳо;
– кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
– кормандони соҳаи маориф ва илм;
– мутахассисони соҳаи дин;
– кормандони соҳаи фарҳанг;
– мутахассисон оид ба кор бо занон ва оила;
– мутахассисон оид ба кор бо ҷавонон ва варзиш;
– намояндагони воситаҳои ахбори омма;
– барномасозон ва мутахассисони сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
– блогерҳо;
– намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
- Бо мақсади такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст, ки тадбирҳои зерин давра ба давра ба нақша гирифта шуда, роҳандозӣ карда шаванд:
– дар заминаи маркази таълимии шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани донишкадаи такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорати қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ;
– ташкил ва гузаронидани курсҳои махсуси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар дохилу хориҷи кишвар;
– беҳтар намудани иқтидори моддию техникии марказҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар;
– баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии табибон-наркологҳо ва мутахассисони дахлдор дар самти пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъамандӣ;
– ташкили семинарҳои омўзишӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ барои намояндагони вазорату идораҳои дахлдор.
5. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъадор бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар бо давлатҳои хориҷа, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар асоси конвенсияҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмили ҳамкориҳои минтақавӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳое, ки аз савдои ғайриқонунии маводи нашъадор ба даст омадаанд;
- ҷалби давлатҳои хориҷа ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар таҳкими иқтидори моддӣ-техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор;
- дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани курсҳо ҷиҳати омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои минтақа;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати омўзиши таҷрибаи пешқадами онҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъамандӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мазкур дар амалияи кишвар;
- омӯзиши фарогири мушкилоти марбут ба назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, инчунин таҳияи чораҳои мутақобилаи судманд дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ.
6.ТАКМИЛИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР
- Ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти назорати маводи нашъаовар бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд:
- марҳила ба марҳила гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳангоми зарурат пешниҳод намудани таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузорӣ;
- омӯзиши таҷрибаи қонунгузории кишварҳои хориҷа дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳангоми зарурат пешниход намудани таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузорӣ;
- ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба назорати маводи нашъаовар.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷа, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, ва пешгирии нашъамандӣ бо дар назар доштани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода мешаванд.
7.МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
- Таъмини иҷрои муқаррароти Стратегия ба зиммаи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон гузошта мешавад.
- Стратегия барои солҳои 2021-2030 таҳия шуда, бо қабули нақшаи чорабиниҳои алоҳида дар ду марҳила амалӣ карда мешавад:
– марҳилаи якум барои солҳои 2021-2025;
– марҳилаи дуюм барои солҳои 2026-2030.
- Омили асосии механизми амалисозии Стратегия фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, пешгирӣ ва табобати беморони нашъамандӣ, инчунин офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо равона карда шуда, дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои идоравӣ дар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- такмили механизми ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба амалигардонии чорабиниҳо доир ба ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъамандӣ;
- баланд бардоштани нақши шўроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъаманд;
- таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии стратегии сиёсати давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовар;
- баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ бо ҷалби воситаҳои ахбори омма;
- рушду таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати маводи нашъаовар;
- ташкили котиботи байниидоравӣ оид ба амалисозии Стратегия;
- мониторинги вазъи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8.САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СТРАТЕГИЯ
- Маблағгузории Стратегия дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории (грантии) созмонҳои байналмилалӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
9.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Дар соли охири ба итмом расидани амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегия барои марҳилаи якум, бо дар назар доштани вазъи назорати маводи нашъаовар ва натиҷаҳои бадастомада нақшаи чорабиниҳои марҳилаи минбаъда таҳия карда мешавад.
- Натиҷаҳои чашмдошт аз амалисозии Стратегия инҳо мебошанд:
– беҳтар гардидани натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар;
– сари вақт ошкор шудани ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқаманд;
– коҳиши амалии дастрасӣ ба маводи нашъаовар ва талабот ба он дар байни аҳолӣ;
– такмили низоми давлатии назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор, ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ва офиятбахшии гирифторони бемории нашъамандӣ;
– баланд гардидани иқтидори кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудрати ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор;
– ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дар тарғиби зарари маводи нашъаовар;
– вусъат ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ;
– такмил ёфтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар.
- Мониторинги вазъи иҷрои Стратегия аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.