28 апрели соли ҷорӣ, дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиётҳои зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ин коркарду банақшагирии амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи рамзии “Канал-Гранитный бастион” ва дигар чорабиниҳои дар соли ҷорӣ банақшагирифташуда, иборат мебошад.
Дар кори ҷаласа, ки дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид намояндагони хадамотҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СААД иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро Муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои ҷойгиршавии Ситоди ҳамоҳангсозии байналмилалии амалиёти мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба хусусиятҳои ташаккули вазъи маводи нашъаовар дар давраи соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 мубодилаи афкор сурат гирифт.
Намояндагони давлатҳи аъзои СААД таҷрибаи пешқадами фаъолият дар шароити авҷ гирифтани вазъи эпидемиологии вобаста ба паҳншавии сирояти коронавирус “COVID-19”-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар рафти чорабинӣ ҷониби Россия оид ба тайёрӣ ҷиҳати баргузории амалиёти зерминтақавии бо унвони “Канал-Невский щит” бо ҷойгиршавии ситоди ҳамоҳангсозӣ дар Россия ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаи банақшагирии гузаронидани марҳилаҳои фаъоли амалиёти “Канал” дар соли 2022, омодагӣ ба ҷаласаи 23-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД, бо сохторҳои қувваҳои таъиноти махсуси Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии СААД машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони “Гром-2021” дар Арманистон баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, маълумот оид ба натиҷаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии сарнаркологҳои давлатҳои аъзои СААД (16 апрелиш.Душанбе) ба инобат гирифта шуд.
Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои СААД ба татбиқи Стратегияи зиддимухаддироти давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 шуруъ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа протокол тартиб дода шуд.