Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ФАРМОИШИ ЯКҶОЯ

Агентии назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 42

аз «31» 03.  соли 2021

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 277

аз «31» 03. соли 2021

Вазорати корҳои дохилии

ҶумҳурииТоҷикистон

№ 238

аз «31» 03. соли 2021

ФАРМОИШИ ЯКҶОЯ

Дар бораи аз эътибор соќит донистани фармони якҷояи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №3, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №38 ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №66 «Дар бораи тасдиқи ҳайат, низомномаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ, намунаи иҷозатнома, шаҳодатнома барои воридот ва рухсатнома барои содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

 

030.170.000.

 

Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ Е М:

  1. Фармони якҷояи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №3, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №38 ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2001, №66 «Дар бораи тасдиқи ҳайат, низомномаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ, намунаи иҷозатнома, шаҳодатнома барои воридот ва рухсатнома барои содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2001, №2 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
  2. Фармоиши якҷояи мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҷурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Назорати иҷрои фармоиши якҷояи мазкур ба зиммаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майори адлия

Ҳабибулло  Воҳидзода

 

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин  Абдуллозода
Вазири корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон,

генерал–полковники милитсия

Рамазон  Раҳимзода