Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 7 КИЛЛО “МЕТАМФЕТАМИН”

Нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат ва дар маҷмӯъ ба амнияти давлату миллат зарари ҷиддӣ мерасонад.

Метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.

Вобаста аз намуди зоҳириаш ба ин мавод номҳои кӯчагии “Кристалл”, “Шиша” ва “Ях” ро мансуб медонанд. Ин мавод дар лабараторияҳои ғайриқонунии давлатҳои хориҷа омода ва бо роҳи қочоқ ба дигар давлатҳо интиқол ёфта, мавриди истифода қорор мегирад.

Вобаста аз усули истифода таъсири он баъд аз 20-30 сония оғоз ёфта, аз 6 то 12 соат идома меёбад. Дар ин асно шахсро ҳолатҳои ҳаяҷон, гумшавии иштиҳо, афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ ва ё баръакс хастагӣ ва хоболудӣ, эътимоди зиёд ба худ ва ҳисси зиёдшавии қувват, афзоиши ноустувории рӯҳӣ, такрори ҳаракатҳо, вайроншавии рӯҳия, тангшавии рагҳои хунгард ва баландшавии фишори хун, сустшавии ҳозима, баландшавии ҳарорати бадан, сактаи мағзи сар, таназзули илтиҳобии асабҳо, халалдоршавии таппиши қалб ва аз кор мондани он ба миён меояд.

Истеъмоли ингуна маводҳо ҷавононро гумроҳу фирефта намуда ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат зарбаи манфӣ мерасонад.

Мутаассифона нашъаҷалобон ба хотири гарм намудани бозори ҷиноии худ кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ҳазорҳо нафаронро ба доми фиреби худ гирифтор намоянд.

Чунин як ҳолат моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомошинаи тамғаи “Дейво-Нексия” рақами қайди давлатиаш 63-17 NN 01, таҳти идораи  шаҳрванд Абдуғафорзода Сайраҳмон, соли таваллудаш 04-июни 1982, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор ҷ/д Ҳисор деҳаи Гулимайдон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соҳиби 2 фарзанд, муввақатан бекор як адад бастаи селофании рангаш сиёҳ, ки дар дохилаш маводҳои кристалии рангашон сафед ҷойгир буд, дарёфт ва мусодира намуданд.

Дар натиҷа маълум карда шуд, ки маводҳои бозёфтшуда моддаҳои психотропии навъи “Метамфетамин” буда,  вазни холиси он 983 гр ро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки Абдуғафорзода Саидраҳмон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслаки худ Зикиров Ҳошимҷон Қаландарович соли таввалудаш 16 ноябри 1978, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷ/д Навобод, деҳаи Кӯҳони боло, оиладор соҳиби 5 фарзанд, муввақатан бекор, соли 2017 бо м.247 КҶ ҶТ суд шудааст бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, миқдори махсусан калони моддаҳои психотропии “Метамфетамин”- ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, як қисмашро таввасути атомашинаи дар боло зикр шуда, аз шаҳри Ҳисор ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқол дода, боқимондаашро дар манзилҳои зисти худ, ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотии иловагӣ, манзили зисти Абдуғафорзода Саидраҳмон воқеъ дар суроғаи ш.Ҳисор, ҷамоати Ҳисор, деҳаи Гулмайдон мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шуда, аз анборхонаи он зиёда аз ду килограмм моддаҳои психотропии навъи “Метамфетамин” бозёфт гардид.

Ҳамзамон чунин як чорабинии оперативӣ – тафтишотии иловагӣ, дар манзили зисти Зокиров Ҳошимҷон воқеъ дар суроғаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати Навобод, деҳаи Кӯҳон мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд. Аз ҳуҷраи меҳмонхонаи номбурда 4 адад дастгоҳи нави омодасозии афшура ёфт гардид, ки бе доштани лаёқати оперативӣ маълум намудани махфигоҳи махсус дар дохили онҳо ғайриимкон буд. Ҳамин тариқ аз дохили дастгоҳҳои афшура 4 кг 210 гр моддаҳои психотропии “Метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳаҷми маводҳои мусодирагардида дар ҷамъ 7 кг 393 гр ташкил медиҳанд.

Айни ҳол нисбати номбурдагон Зокиров Ҳошимҷон Қаландарович  ва Абдуғафорзода Саидраҳмон бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 банди “Д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.