Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

БОЗДОШТИ 25 КИЛЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР БАДАХШОН

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, маълум аст, ки марги бармаҳал, орзуҳои амалинагашта, тақдирҳои бишкаста, безурётӣ, тифлони рӯҳану ҷисман маъюб ба дунё омада, аксаран аз истемоли маводи нашъаовар ва оқибатҳои нашъамандист, ки хатари он ба ҷомеа ва давлат бетаъсир буда наметавонад.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  пешгирии нашъмандӣ ва мубориза бар зидди  муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор пайваста муборизаи беамон мебарад.

Раёсати Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ як ҳолати интиқол ва фуруши маводи нашъоваро ошкор намуд.

Санаи 12 майи соли равон кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷуйӣ дар ҳудуди деҳаи Барчид, ҷамоати Поршинев, ноҳияи Шуғнон, шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Ширинҷонов, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд.

Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияташ ба тафтишот номаълум, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт  50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид.

Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.