Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ОШКОРИ МАХФИГОҲИ МАХСУС ДАР ДОХИЛИ ҶОМАДОН

Имрӯз дар кишвари мо оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудааст.

Ошкор ва мусодираи боз як ҳолати интиқол ва фурӯши маводи нашъовари навъи “героин” далели натиҷа ва кўшишҳои пайгиронаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чунончи, санаи 21 майи соли 2021 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии вилояти Суғд шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович, соли тавалудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳоров, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, мувақатан бекор, бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов Масрур махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, дар дохили он як адад бастаи селофании скочпечи бӯи махсус дошта ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин аз киссаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда, як адад бастачаи селофании дорои маводи кулухчамонанди зардчатоби буйи махсусдошта дарёфт гардид.

Муайян карда шуд, ки маводҳои аз Маҳмудов Масрур мусодира гардида,  воситаи нашъадори нави “героин” буда, вазни умуми он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд. Дар рафти пурсиш Маҳмудов Масрур иқрор гардид, ки мехост маводҳои нашъадорро тавасути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва бо мақсади фурӯш интиқол диҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.