28 майи соли равон дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи банди 5 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон зарурияти баргузории амалиёти мазкур мавриди барасӣ қарор дода шуд.
Амалиёти “Кӯкнор” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ аз 1 июн то 30 ноябр роҳандозӣ мегардад.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2021” ташкил карда мешаванд.