Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 22-ЮМИН СОЛАГАРДИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Расо 22 сол пеш, яъне 1 июни соли 1999 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардонидашуда, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Мақомоти мазкур фаъолияти худро дар заминаи Конститусия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар ба роҳ монда, бо мақсади њифзи саломатии ањолї, амнияти давлатї ва љамъиятї, амалї намудани сиёсати давлат ва шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон дар соњаи мубориза бар зидди муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъовар ва  пешгирии нашъамандӣ  як қатор корҳои ташкилӣ ва амалиро анҷом додааст.

        Чорабинии тантанавии бахшида 22-юмин солагарди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хондани суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз гардид.

Директори Агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода иброз доштанд, ки баргузории чинин чорабиниҳо аз фазои тинҷию оромии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон сарчашма гирифта, бо ибтикору ташаббусҳои бемислу беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон си соласт, ки ба даст оварда шудааст.

Ҳайти шахси Агентӣ омодааст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани  ин чорабини пуршукуҳ ҳисагузор бошад.

Ҳамин аст, ки таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ муддати си сол аст, ки кишвари азизу маҳбуби моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии ҷавононе, ки ҳам акнун ба кор оғоз карданд, баргузор карда шуд.

Кормандони ҷавон ҳангоми савгандёдкунӣ  бо тантана изҳор доштанд, ки бо иродаи қавӣ ва содиқ ба савганди худ фаъолият намуда, кушиш менамоянд, ки дар таъмини суботу амнияти кишвар, ободии сарзамини хеш хизмати арзанда намоянд.

Ҳамзамон як қатор кормандони фаъоли Агентӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қатори кормандони Агентӣ, ҳамчунин кормандони дигар идораҳои дахлдор барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзандаи худ ҷиҳати мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.