Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Озмуни “Расми беҳтарин”

Бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми июни соли ҷорӣ дар назди бинои Агентӣ озмуни  “Расми беҳтарин” дар мавзӯи пешгирӣ ва ҳушдор намудани ҷавонон аз оқибатҳои хатарноки истеъмоли маводи нашъадор ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон доир карда шуд.

Дар озмун донишҷӯёни Колеҷи рассомии ба номи М.Олимов иштирок намуда, асарҳои худро манзури тамошобинон гардониданд.

Расмҳои тасвир намудаи донишҷӯён ки ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида буданд, мазмуни баланд ва ҷолиб дошта, далели тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як иштирокчӣ ба озмун буд.

Ҳамчунин, дар рафти чорабини кормандони Агентӣ оид ба хатар ва оқибати фоҷеабори истеъмоли маводи нашъадор баромад карда, ба ҳозирин маълумот ва маслиҳатҳои муфидро манзур намуданд.

Ғолибони озмун бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.