Санаи 7-уми июни соли ҷорӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) Рустам Мирализода мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот тарафҳо рушду тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа, ҳамчунин масъалаҳои муҳими фаъолияти Марказ ва дигар масъалаҳои рузмараро муҳокима намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вазифаҳои асосии ММҲИОМ аз ташкил, гузаронидан ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои ҳамоҳангшудаи муштараки байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳамчунин таъмини ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз, таҳлил ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҷиноятҳои фаромарзии марбут ба қочоқи маводи мухаддир иборат мебошад.