Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ташрифи намояндагони Хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Марказӣ ба Агентӣ

Санаи 18 уми июни соли ҷорӣ намояндагони Хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Марказӣ, хонум Бэрбел Энгерер ва Дитмар Эрфурт ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот Директори Агентӣ ҳозиринро оид ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти пурзур намудани мубориза ва назорати муомилоти маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ роҳандозӣ гардидаанд иттилоъ дода, ҳамзамон бо фаъолият ва дастовардҳои Агентӣ шинос намуд.

Дар мулоқот, оид ба роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯи судманд доир карда шуд.