Ҳамасола санаи 26 уми июн, ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо” дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин рӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбиқи Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030 ва қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор бо сарпарастии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва фароғатиро зери унвони “Тоҷикистон зидди маводи мухаддир” баргузор намуд.
Чунин як чорабинӣ бо ҷалби доираи васеъи қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ санаи 26 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар баробари меҳмонон ва сокинони шаҳр, ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии пойтахт иштирок намуданд.
Ҳазамон, бахшида ба санаи мазкур ва таҷлили Рузи Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои варзишӣ дар риштаи Таеквандо ВТФ, Шоҳмот ва Шашка оғоз гардида, давоми ду рӯз идома ёфт, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 200 нафар варзишгарон ва хоҳишмандон иштирок намуда, беҳтаринҳо дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд .
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ, коҳиши талабот ба маводи нашъадор ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.