Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ БА АГЕНТӢ

Санаи 12 июли соли ҷорӣ гурӯҳи намояндагони Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди тероризм ва ифротгароӣ “Hedayah” и Аморати Муттаҳидаи Араб ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҳайати гурӯҳи намояндагонро ба ҳузур пазируфта, оид ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва фаъолияти Агентӣ маълумоти мухтасар манзур намуд.

Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи мазкур ҷаноби доктор Алӣ Рашид Ал-Нуайми аз номи Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди тероризм ва ифротгароӣ “Hedayah”  ва ҳайати гурӯҳ баромад карда, фаъолияти Агентиро баланд арзёбӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати  муқовимати ҳамаҷониба бо муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар  ва ҳамкориҳои муштарак пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.