Истеъмоли ғайритиббии доруҳои психотропӣ ба маркази асосии майнаи сари инсон таъсири манфӣ расонида, руҳия ва шуури шахсро тағир медиҳад.
Ин намуди доруворӣ дар тибб барои табобати бемориҳои ихтилоли рӯҳӣ истифода шуда, танҳо бо дорухати махсус аз дорухонаҳое, ки иҷозатномаи фурӯши дорувории психотропӣ ва ё нашъадорро доранд харидорӣ карда мешаванд.
Мутаасифона аксар ҷавонон онро ба таври ғайриқонунӣ дастрас намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Истеъмоли пай дар пайи дорувориҳои психотропӣ дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои шадиди вобастагӣ, заҳролудшавии музмини бадан, осеби узвҳои дохилӣ ва майнаи сар, норасоии шадиди кори дил, ҷигар ва гурдаҳо ҳамчунин ихтилоли гуногуни равонӣ, маъюбӣ ва фавти бармаҳалу нобаҳангом оварда мерасонад.
Дар давоми моҳи гузашта, аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии дорувориҳои психотропӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва бе доштани иҷозатнома нигоҳдорӣ ва фурӯш ингуна дорувориҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ошкор карда шуд.
Ҳамин тариқ, санаи 26 июни соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ, шаҳрванд Исмоилов Саидшо Абдуҳалимович дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, ҳангоми фурӯши 220 адад ҳаби психотропии “Алпразолам” дастгир гардид.
Маълум карда шуд, ки номбурда дар дорухонаи воқеъ дар кучаи Гагарин-1 и ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар дохили дорухона боз 400 адад ҳаби психотропии “Алпразолам”- ро бо мақсади фурӯш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.
Ҳамчунин, санаи 9 июли соли ҷорӣ кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз шаҳрванд Раҷабов Ёқубчон Бобоҷонович 290 адад дорувории психотропии “Алпразолам” – ро бо маблағи 780 сомонӣ харидорӣ намуданд.
Чунин як ҳолати дигар санаи 6 уми июли соли равон дар натиҷаи баргузории чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз ҷониби кормандони Агентӣ дар дорухонаи “Амир-фарм” воқеъ дар кучаи Н.Қарабоев №92 каср 1 ба қайд гирифта шуда, аз шаҳрванд Ҷумаев Илҳом Эмомалиевич, ду адад қутии рангаш сафед бо навиштаҷоти Alprazolam ки дар дохили он 224 адад ҳабҳо ҷойгир буданд дастрас карда шуд. Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки шаҳрванд Ҷумаев Илҳом бе доштани иҷозатномаи махсус фурӯши дорувориҳои психотропиро ба роҳ мондааст.
Ҳамин тариқ ба нисбати номбурдагон Исмоилов Саидшо Абдуҳалимович, Раҷабов Ёқубҷон Бобоҷонович, Ҳайдаров Аркомиддин Самандарович, Ҷумаев Илҳом Эмомалиевич ва ҳамчунин нисбати Ҷалолова Саодат Сатторовна, Ғаффорзода Саймуҳаммади Сафаралӣ, Зиёев Диловар Дилшодович бо аломатҳои моддаи 206 иловаи 1 қисми 1 и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Моддаи 206 иловаи 1 қисми 1 и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ба муҳлати то ду сол маҳрум сохтан аз озодро пешбинӣ намудааст.