Санаи 10 августи соли ҷорӣ мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ва Роҳбари нави Дафтари барномавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро ҷиҳати дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, пешниҳод гардид, ки онҳоро ҳангоми коркарди лоиҳаву барномаҳо ба инобат мегиранд.
Дар идомаимулоқот ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон рафти татбиқи Нақшаи ҳамкории муштараки байни Агентӣ ва Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонрооид ба такмили тахассуси кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушду тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти такшили муқовимат ба экстремизм ва терроризм, коррупсия, савдои одамон, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона изҳор намуданд.