Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба истифода супориданд.

Таъкид бояд шуд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт пайваста чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва он ҳам бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун намуда, ба беҳдошти сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормадони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.