Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуъи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ – вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар, муҳокима карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар, таъкид намуданд.