Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо назардошти талаботи кории мақомоти мазкур бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, нуқтаҳои алоҳидаи алоқа, анборҳои нигоҳдории маводу лавозимоти махсус мебошад.
Дохили бинои Дастаи таъиноти махсус бо сифати баланд бунёд гардида, дар ду ошёнаи он хобгоҳ барои гурӯҳҳои зудамал бунёд ёфтааст. Хобгоҳ бо катҳои хоби бароҳат, мизу курсӣ ва ҷевон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳати кормандон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот толори варзишӣ ҷойгир мебошад, ки бо тамоми асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити хуби обу тоби бадан муҳайё карда шудааст.
Ҳамзамон бинои Дастаи таъиноти махсус дар шаҳри Кӯлоб бо ошхонаи замонавӣ таъмин мебошад.
Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии шароити хизматии кормандони мақомоти қудратӣ бунёд ёфтааст.
Раванди бунёди бинову фароҳамсозии шароит дар саросари мамлакат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дошта, дар ин замина, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа бо шароити хуб таъмин мебошанд.
Сохтмони бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дар зарфи як сол анҷом ёфта, гирду атрофи бино бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст.
Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконоту шароити фароҳамовардашуда баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба обу тоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва тамринҳои пайвастаи даста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.