Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Сарвари хирадпеша ва ояндасоз – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шумораи зиёди сокинони шарафманди ин шаҳри бостонӣ бо шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.