Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи Баҳористон бунёд шудааст.

Дар 4 гуруҳ 160 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони мазкур имконият фароҳам овард, ки дар ин ҷо 25 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд.

Бинои кӯдакистони “Шукуфаҳои Истиқлол” аз 2 ошёна иборат буда, дар майдони 0,70 гектар бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё мебошад.

Корхои сохтмониро пудратчиёни маҳалли Ҳусейн Ғиёсиддинов ва Абдуманнон Абдусатторов аз моҳи июли соли 2019 оғоз намуда, бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Маблағи умумии лоиҳаи бино 1 миллиону 800 ҳазор сомониро дар бар гирифт.

Ҳуҷраҳои бино бо рахти хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимию фароғатии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бинои мазкур ба воситаи дастгоҳҳои махсус бо ангишт ва барқ бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Дар ҳудуди банои кӯдакистон ҳуҷраҳои ёрирасон аз қабили толори мусиқӣ, толори варзиш, ҳуҷраи тиббӣ ва 4 майдони фароғатӣ бунёд гардида, имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон бо шавқу ҳавас дар ин макони таълимӣ вақти худро сипарӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, ба мураббияҳо ва роҳбарияти кӯдакистон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои ба воя расонидани кӯдакони зираку ҳушёр ва солиму соҳибмаълумот саҳми арзанда гузоранд, зеро кӯдакон ояндаи миллат мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам дар деҳаи Баҳористон ягон кӯдакистон мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба маркази ҷамоат ва кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои ноҳия мебурданд.

Бунёди ин кӯдакистони замонавӣ кори волидонро низ осон намуд. Айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 кӯдакистон фаъолият дорад, ки дар ҳамаи онҳо таълиму тарбия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.