Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи навбати Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид

Санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ, ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни Шӯро  ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини раиси Шӯро, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030  баромад намуд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муовини Раиси Шӯро оид ба таҳлили омилҳое, ки ба каму зиёдшавии шумораи бемории нашъамандӣ мусоидат мекунанд, баромад намуд.

Ҳамчунин, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Шӯро оид ба баррасии мушкилоти марбут ба пешгирии нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии  маводи нашъовар дар байни ҷавонон баромад карда, фикру пешниҳодҳои худро дар ин самт манзур намуд.

Дар рафти ҷаласаи Шӯро роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии “АФИФ”, “Спин Плюс”  ва “Хонаи ҷавонон”  оид ба фаъолияти ташкилотҳои худ, инчунин мушкилотҳои мавҷудбуда, пешгирии аввалиндараҷаи нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии  беморони нашъаманд, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт  баромад ва пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  тавсияҳо дода шуд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшида, ҷиҳати таъсири он ба пешгирӣ ва паст намудани сатҳи нашъамандӣ тадбирҳои иловагиро андешида, ҳамкориро дар ин самт таҳким бахшанд. Дар ин радиф оид ба фаъолияти минбаъда, нақшаи фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2022 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.