Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло – генерал-майори адлия, 21 феврали соли 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ мебошад. Соли 1983 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1988 хатм намудааст.
Фаъолияти хизматиаш аз соли 1988 оғоз ёфта, то 1989 коромӯз – прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа, соли 1989 коромӯз -муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар), солҳои 1989 то 1993 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул, солҳои 1993 то 1994 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, солҳои 1994 то 1996 сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амният ва кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон, солҳои 1996 то 1998 прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, солҳои 1998 то 2002 прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе, солҳои 2002 то 2007 прокурори шаҳри Душанбе, солҳои 2007 то 2011 сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011 то 2015 муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2015 то 18 ноябри соли 2020 дар вазифаи прокурори вилояти Суғд кор кардааст.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо рутба ва мукофотҳои давлатию соҳавии зерин сарфароз гардидонида шудааст. – Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 324 аз 14.09.2007 сол. – Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081 аз 07.08.2018 сол. – Бо медали ҷашнии“30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №214 аз 23.07.2021 сол. Дар доираи фаъолияти хизмати худ Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло борҳо бо мукофотҳо аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 ба вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2021 тахти № 126 ба мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло рутбаи махсуси “генерал-майори адлия” дода шудааст.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.