Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  16-уми ноябр дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ раҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳамаи ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Нахуст Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҳайати шахсии Агентиро бо ин рӯзи муборак табрик намуда, ёдовар гардиданд, ки 16 ноябри соли 1992 дар сессияи Шурои Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои оли, роҳбари давлат интихоб гардид,  ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунанда рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳамчунин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори оқилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардуми кишварро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда, расонданд.

Аз ҷониби кормандон ҷавони Агентӣ оид ба хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадҳои пурмуҳтаво омода гардида дар симои Сарвари давлат намунаи олии ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва хизмат ба халқу Ватан, вафо ба қавлу амалро ҳамчун ибрат ба насли ҷавон иброз доштанд.

Чорабинӣ хеле хушу хотирмон ва бо ёдоварӣ аз корнамоиҳои беназири Сарвари давлат доир гардид, ки дар он наворҳо аз оғози даврони бесарусомонӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ, ба сари қудрат омадани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу оромиш, рушду тарақиёти имрӯзаи Тоҷикистони азиз намоиш дода шуд.