Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Боз як ҳолати ошкори метамфетамин

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки як гурӯҳи ҷиноятӣ, ки ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар машғуланд, ният доранд маводи нашъаоварро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба ш.Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол диҳанд.

Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони Агентӣ  қарор қабул шуд, ки нашъаҷалобонро бо далели шайъӣ дастгир намоянд.

Ҳамин тариқ санаи 07 ноябри  соли 2021 ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷи поён, ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентӣ ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Салоҳиддин валади Боймад ва Маҳмадсахи валади Холмуҳаммад зода ва истиқоматкунандагони вилояти Қундуз улусволии Имом-Соҳиби  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир гардиданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон як адад халтаи полимерии рангаш сафед, ки дар дохили он  15 адад  зарфҳои пластмасии ва дар дохилашон бастаҳои селофанӣ бо маводҳои кристалии рангашон сафед мавҷуд буданд, бозёфт ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи эспертизаи судии Агентӣ маводҳои мусодирагардида  14кг 850  гр  моддаи психотропии навъи “метамфетамин” ро ташкил дод.

Тафтишот муайян намуд, ки дастгиршудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин валади Боймад ва Маҳмадсахи валади Холмуҳаммад ин маводи психотропии навъи метамфетаминро аз руи маслиҳати пешакӣ бо як нафар шахси ба тафтишот номаълум шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо лақаби “Мавлавӣ” ва тахалуси “Ҳоҷи мулло” бо мақсади ба каси дигар додан содир намудаанд.

Аз руи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 қисми 4  банди “д”, 335 қисми 2 ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.

Истеъмоли ингуна маводҳо ҷавононро гумроҳу фирефта намуда ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат зарбаи манфӣ мерасонад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки аз солимӣ ва оромии давлати худ дифоъ намояд.