Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ташрифи муовини Дабири кулли СММ ба Агентӣ

Санаи 27 ноябри соли 2021 муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳа Валӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Пас аз шиносоӣ Директори Агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода нақши Раёсати мазкурро оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи наъаовар, дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентӣ ва дигар мақомоти ваколатдори Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, ба хонум Ғода Фатҳи Валӣ изҳори сипос намуд.

Сипас ҷонибҳо вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа, татбиқи Барномаи ин Раёсат барои солҳои 2022 – 2025 ва дар ин робита Консепсияи таъсиси шуъбаҳои нави байниноҳиявии Агентиро дар вилояти Хатлон дар ин самт мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот Директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он ба хонум Ғода Фатҳа Валӣ маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки бо ташуббусу ибтикороти  бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ тақвият ёфта истодааст.

Дар охир оид ба саҳми Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ки ба таҳкими иқтидори минбаъдаи Агентӣ нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан карда, дар сузонидани маводҳои нашъаовар иштирок намуданд.

Дар интиҳо муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳа Валӣ дар китоби фахрии Агентӣ таассурот ва тамманиёти худро қайд намуд.