Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои аз байн бурдани омилҳои ба нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ мусоидаткунанда пайваста чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамоянд. Чунончи санаи 16 ноябри соли 2021 аз тарафи кормандони Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи дар ҳудуди шаҳри Кулоби вилояти Хатлон боз як ҳолати интиқол ва хариду фуруши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори махсусан калон ошкор карда шуд. Ба ин ҷиноят шаҳрванд Сидиқов Рустам Масодиқович истиқоматкунандаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Ёл даст дошта, мавсуф мехостааст, маводи мухаддирро баҷойи муайян барои бадаст овардани фоидаи муфт, бурда расонад.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили воситаи нақлиёте, ки Сидиқов Рустам маводи нашъаоварро интиқол медод, як адад халтаи полиэтилении рангаш сафед, ки дар дохилаш як халатаи дигари рангаш кабуд, ки бо навиштаҷоти “Тангем” иборат аз 10 адад бастаҳои селофании маводҳои хамирмонанди ҷигариранги буи махсусдошта мавҷуд буд, ёфта гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводҳои ёфташуда, воситаи нашъадори навъи афюн буда, вазни холиси он 9 кг 855 граммро ташкил намудааст.
Муайян карда шуд, ки Сидиқов Рустам воситаи нашъадори навъи афюнро ба мақсади хариду фӯруши ғайриқонунунӣ соҳиб шудааст.
Ҳамин тариқ нисбати шаҳрванд Сидиқов Рустам Масодиқович ва дигарон бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад.
Пушида нест, кимуомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир барои бисёр кишварҳо ба омили ҷиддии бесубот табдил ёфта, на танҳо ба саломатӣ ва амнияти миллионҳо одамон таҳдид мекунад, балки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи иқтисодӣ ва саломатии аҳолӣ хатарҳои ногуворро ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин, вазъияти кунунии мавҷуда, њар фарди бо нангу номуси кишварро водор менамояд, ки масъулиятшиносиро аз даст надода, дар пешгирӣ ва муқовимат ба ин вабои доғи рӯз бетараф набошем.