Бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC), санаи 15 декабри соли ҷорӣ, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи кории Гурӯҳи машваратии “Паймони Париж” баргузор гардид.
Дар чорабинии зикршуда ҳайати Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуданд.
Директори Агентӣ дар ҷаласаи мазкур дар бораи Шарҳи стратегӣ оид ба тамоюлҳои охирин, масир ва усулҳои муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии аз Афғонистон воридшаванда баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии афғонӣ ва чораҳо оид ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ вобаста ба пешгирии қочоқи он аз ҳудуди Афғонистон муҳокима гардиданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯрии Директори Агентӣ бо Ҳамоҳангсози аршади Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ҷереми Милсом баргузор гардида, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд аз ҷумла, мусоидат ба Агентӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи барномаи зикршуда муҳокима гардид.
Чорабиниҳои мазкур идома доранд.