Санаи 09 – уми декабри соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, сокини шаҳри Хуҷанд, кучаи Гагарин, Ҳамидов Абдураҳмон Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1984 – ро мавриди ба муомилот баровардани купюраҳои қалбакии асъори хориҷӣ дастгир намуданд.
Ҳангоми аз назаргузаронии шахсӣ аз номбурда 86 (ҳаштоду шаш) адад купюраҳои 100 доллари ИМА ёфта гирифта шуд.
Маблағҳои мазкур ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат накарда, бо тарз ва усули чопии компютери технологияи ранга тайёр карда шудаанд.
Муайян карда шуд, ки Ҳомидов Абдураҳмон Абдуҳамидович 86 адад купюраҳои қалбакии 100 доллари ИМА- ро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахси ба тафтишот номаълум бо номи Салим бо мақсади ба муомилот баровардан ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ нисбати шаҳрванд Ҳамидов Абдураҳмон Абдуҳамидович бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а” ва “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.