Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Паём – муайянкунандаи дурнамои рушди устувор

Паём ҳуҷҷати муҳими муайянкунанда ва ба танзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ро ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.

Пешвои муаззами миллат, дастоварду натиҷаҳои фаъолияти мамлакатро оид ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа таҳлилу баррасӣ намуда, барои самаранокӣ ва беҳбудии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии давлат дастуру супоришҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки; “Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.”

Ҳамчунин тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар дигар раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ баргузор карда шуд.