Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ давоми як сол истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯи талаботи замон иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардид.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон аст.
Дар иншооти навбунёд барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз карда шудааст.
Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.