17 феврали соли 2022 дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни баромади худ Директори Агентӣ баён намуданд, ки соли 2021 бо ташаббуси Агентӣ Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод шуд, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021 қабул гардид.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2021 аз ҷониби кормандони Агентӣ 159 (2020-144) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020 15 ҷиноят ё 10,4 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 101 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 27 ҷиноят оид ба муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, 1 ҷиноят оид ба фасодхона, 14 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби Агентӣ дар ин давра 134 (2020-105) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 198 (2020-162) нафар ба судҳо ирсол гардида, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.
Ҳамчунин, 289 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (2020-364) ошкор ва 315 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 235 ҳазору 422 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 357 кг 638 гр маводи нашъаовар (2020-183 кг 230 гр) мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2020 174 кг 408 гр ё 95,2 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, Агентӣ фаъолияти 47 (2020 – 40) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 107 (2020 – 87) нафар ошкор ва 3 ГМҶ-ро дар ҳайати 4 нафар қатъ гардонидааст.
Дар ин давра, 20 нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шуданд.
Дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24118 (2020-23460) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 2,8 % ё 658 ҷиноят зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, 707 (2020-700) ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс бо соли 2020 1 фоиз ё 7 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда 2,9 фоизро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.
Дар соли 2021, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс бо соли 2020 (2 т 425 кг 238 гр) 68,4 фоиз ё 1 т 658 кг 36 гр зиёдтар мебошад, аз ҷумла: аз ҷониби ВКД–2 т 29 кг 774 гр (2020–1 т 117 кг 358 гр), КДАМ–1 т 663 кг 659 гр (2020–1 т 97 кг 495 гр), АНМН –357 кг 638 гр (2020 –183 кг 230 гр), АНДМ ва МК–30 кг 727 гр (2020 – 5 кг 412 гр) ва ХГ– 1 кг 121 гр (2020–21 кг 743 гр) мусодира гардидааст.
Дар соли 2021 дар муқоиса ба соли 2020 мусодираи маводи нашъаовари героин 2,1 маротиба зиёд ва афюн 24,7 фоиз коҳиш ёфта, мусодираи ҳашиш мутаносибан 2,3 маротиба афзоиш ва бангдона 10,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 106 кг моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 (43 кг) 2,4 маротиба ё 63 кг зиёд мебошад.
Аз миқдори умумии моддаҳои психотропии мусодирашуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 53 кг 191 гр ё 50,3 фоиз ба АНМН ҶТ тааллуқ дорад. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 537 дона ҳабҳои синтетикӣ мусодира гардидааст, ки аз ин шумора 5 ҳазору 473 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.
Ҳамзамон, дар ин давра кормандони Агентӣ як ҳолати муомилоти пулҳои қалбакиро ошкор карда, аз шаҳрванд Ҳамидов Абдураҳмон дар ҳаҷми 8600 доллари ИМА дарёфт ва мусодира намуданд. Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281, қ.2, оғоз карда шуд.
Соли 2021 бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ 24 (соли 2020-14) вохӯрии расмӣ ва кории роҳбарияти Агентӣ бо ҳайати корпусҳои дипломатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони воломақоми ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳамчунин, дар давраи татбиқи Стратегияи миллӣ сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфта, шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар соли 2021, 4749 нафарро ташкил дода, назар ба соли 2020 (5099) ба 350 нафар коҳиш ёфтааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 51 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело паст мебошад.
Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ