Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ташрифи Ленни Монтиел ба Агентӣ

Санаи 25 феврали соли ҷорӣ байни Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Пас аз шиносоӣ Ҳабибулло Воҳидзода оид ба самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро дар доираи лоиҳаҳои барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин робита, ҷаноби Ленни Монтиел нақши Агентиро дар самти пешгирии қочоқи маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ намуда, аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманд дар самти мубориза, назорат ва пешгирии нашъамандӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.