Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқоти Директори Агентӣ бо намояндагони Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА (ДЕА-и ИМА)

Санаи якуми марти соли 2022 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Директори минтақавии маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Новокоски, ки бо сафари корӣ  ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, баргузор гардид.

 

Зимни вохӯрӣ, Директори Агентӣ барои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба гурӯҳҳои мутташакили маводи нашъаоварӣ фаромиллӣ ва расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ба роҳбарияти Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА изҳори сипос намуд.Ҳамзамон ҷонибҳо бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, фаъол гардидани ГМҶ дар минтақа ва афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон омодагии худро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.