Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ОШКОРИ ГУРӮҲИ МУТАШАКИЛИ ҶИНОЯТПЕШАИ НАШЪАҶАЛОБ

Моҳи феврали соли ҷорӣ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи баргузории як амалиёти бобарори оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи муташакили ҷиноятпешаеро дастгир намуд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст доштанд.

Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло Мирзоназарович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Чортути боло, оиладор соҳиби 4 фарзанд шахсияти “маъруф ва шинохта” дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” мебошад, ки соли 1995 бо моддаи 234 и КҶ ҶТ ва 228 и КҶ Федератсияи Россия ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Аъзоёни гурӯҳи муташакил;

Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Айнӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Минбаев Баҳрулло Иззатович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд. Соли 2002 бо моддаи 104 КҶ ҶТ одамкушӣ ба мӯҳлати 14 аз озодӣ маҳрум шудааст.

Жаббиров Асроридтин Гулбаевич санаи таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи ш.Душанбе, наҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Дӯстии халқҳо. Пеш бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Расули Кабир шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон санаи таваллудаш 1984, зоддаи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кучаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, милаташ афғон, оиладор соҳиби 3 фарзанд.

Ҳамин тариқ аз номбурдагон 13кг 100гр воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин”  бозёфт ва мусодира карда шуд, ки гурӯҳи ҷиноятпешаи муташакил воситаҳои нашъадорро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд.

Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гуё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст.

Ҳамчунин ҳангоми дастгир намудан номбурда бо худ 1 адад таппончаи тамғаи “Маккаров” – ро нигоҳ медошт. Аммо кормандони Агентӣ бо як ҳушёриву чолокӣ номбурдаро дастгир намуда, имкон надоданд то, ки муқобилият нишон дода, аз силоҳи оташфишон истифода намояд.

Ҳамин тариқ нисбати Раҳимов Нурулло Мирзоназарович парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 ва қисми 1 и моддаи 195  ва нисбати Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич., Минбаев Баҳрулло Иззатович., Жабиров Асроритдин Гулбаевич ва шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Нафарони номбурда мақоли “Гур сузаду – дег ҷӯшад” ро шиори худ намуда, аз суиистеъмол ва оқибати зиёновари гардиши маводи нашъадор, вобасташавии насли ҷавон ва аз байн бурдани солимии ҷомеа боре нандешидаанд.

Ин нафарон танҳо ба хотири айшу нуш бо андешаи дарёфти фоидаи муфт ба коми худ, ва ҷамъоварии молу амвол, ҳамчунин бароварда сохтани хоҳишҳои худ, дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки аз молу ҷони ҷавонони ҳанӯз соҳибақидаву андеша нагашта ва ё мақсаду роҳи устувор дар зиндагӣ пайдо ва ё интихоб накарда, бунёд намуда, роҳҳои ғайриқонунии интиқоли ингуна маводҳои хатарзоро пешаи худ намудаанд, ки оқибат ин амали нангини онҳо аз чашми кормандони ҳифзи ҳуқуқ дур намонд.

       ШРҶ Ситоди Агентӣ