Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ ДАР ЧОРАБИНИИ КАНОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ВА РАЁСАТИ СММ ОИД БА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА ҶИНОЯТКОРӢ

Дар ҳошияи Иҷлосияи 65-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар санаи 15 марти соли 2022  чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  “Пурзӯр намудани ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба  назорати фаромиллии маводи нашъовар” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Покистон ва Федератсияи Россия, инчунин Котиби генералии СҲШ ҷаноби Чжан Мин ва муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи  Раёсати  СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Волӣ иштирок варзиданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии зикргардида Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода иштирок ва баромад намуд.

Мақсад аз баргузории  чорабинии зикргардида ин баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тадбирҳо оид ба таҳкими ҳамкории амалии зидди маводи нашъаовар байни кишварҳои узви ин ду созмони бонуфузи байналмилалӣ, инчунин мубодилаи афкор ва таҷрибаи пешқадами ҷонибҳо дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мебошад.