Санаи 14-уми марти соли ҷорӣ дар ҳошияи Иҷлосияи 65-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, муовини Хадамоти назорати маводи нашъаовар генерал Муҳаммад Алҳакабанӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар самти назорати маводи нашъаовар бо роҳи баимзо расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд иброз доштанд.