Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ДАР ҲОШИЯИ ИҶЛОСИЯИ 65-УМИ КОМИССИЯИ СММ ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ РАЁСАТИ СММ ОИД БА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА ҶИНОЯТКОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи сафари Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ба шаҳри Вена вохӯрӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳа Волӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ оид ба корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба хонум Фатҳа Волӣ маълумот манзур намуд.

Ҳамзамон, Директори Агентӣ аз натиҷаи чорабинии канорӣ оид ба муаррифии маҷалаи Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 маълумот дода, нусхаи маҷалаи мазкур ба хонум Фатҳа Волӣ  ва ҳайати иштирокчиён пешниҳод гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи татбиқи Барномаҳои ин Раёсат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдорҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, Директори Агентӣ аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расонидани кӯмакҳои моддӣ-техникӣ ба мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.

Дар хотимаи мулоқот хонум Ғода Фатҳа Волӣ иброз намуданд, ки аз ҷониби Давлати Ҷопон ва Ҷумҳурии Италия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкориҳои фаромарзӣ маблағ ҷудо шудааст, ки  он ба Тоҷикистон низ равона мегарданд.