Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ ҲАЙАТИ ДАВЛАТИ ҚАТАР

Дар доираи сафари Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ба шаҳри Вена вохӯрӣ бо  роҳбари ҳайати  давлати Қатар Муҳаммед Алхатер баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ, Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба ҳайати давлати Қатар  маълумот манзур намуд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот Директори Агентӣ қайд намуданд, ки Агентӣ, ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози кишвар омода аст, ки ба хотири таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо мақомоти ваколатдори давлати Қатар масъалаи баимзорасонии санадҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баррасӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.