Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи Кӯдакистони Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Президентиро ифтитоҳ карданд.

Бинои Кӯдакистони Президентӣ сеошёна буда, бо унсури миллӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.

Муассисаи нави томактабӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори  маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар кӯдакистон 330 нафар кӯдаки хуштолеи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

Таълим дар муассисаи томакиабӣ бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Шароити мусоиди муҳайёгардида, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудааст, имконият медиҳад, ки кӯдакон шурӯъ аз зинаи аввали  таҳсилот бо бартариятҳо ба  таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои  муҷаҳҳази дарсӣ, фароғатӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои шустушуй, инчунин толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар дохили бинои муассиса ду толор, як толори бозии кӯдакон ва як толор барои гузаронидани чорабиниҳои муассиса мавҷуд мебошад.

Бо назардошти шароити таълим дар маҷмӯъ дар муассиса 14 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани Кӯдакистони Президентӣ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки 20 нафари онҳо мураббияҳои соҳибкасбу ботаҷриба мебошанд.

30  нафар сокини маҳаллӣ дар рафти корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои кӯдакистони Президентӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуданд.