Санаи 31 марти соли 2022 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаҳои Барномавии Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 65-умин Иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена, инчунин амалишавии лоиҳаи “Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) Фаза 11” Барномаи Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Мустафо Эртен оид ба оғози амалисозии лоиҳаи нав бо Агентӣ “Баланд бардоштани иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар” иттилоъ дод. Барномаи мазкур барои мустаҳкам намудани иқтидори шуъбаи махсус ва экспертизаи судӣ, инчунин дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 000 доллари ИМА амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари нав пайдошуда, аз ҷумла самарабахш вокуниш нишон додан ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноӣ бо истифода аз воситаҳои махсуси тафтишотӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳа аз ҷониби шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии Депортаменти Давлатии ИМА (INL) маблағгузорӣ карда мешавад.