Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи Корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ “Амина-К” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар масоҳати 11 гектар бунёд гардидааст.

Самти асосии фаъолияти корхона асосан парвариши мурғ барои истеҳсоли тухм мебошад.

Парвариши парранда ва истеҳсоли тухм бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои Италия, Олмон ва Русия харидорӣ шудааст.

Айни замон дар корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми “Амина К” 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, роҳбарияти корхона имконият дорад, боз 40 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.

Дар фермаи паррандапарварӣ имконияти парвариши 500 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм мавҷуд аст. Масъулини коргоҳ нақша доранд, давоми се-чор соли оянда истеҳсоли тухмро ба 1 миллион дона дар як шабонарӯз расонанд ва истеҳсоли гушти паррандаро ба роҳ монанд.

Солҳои охир дар кишвар афзудани чунин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парранда имконият дод, ки бозори истеъмолӣ бо гушту тухми парранда таъмин гардад. Ҳамчунин воридоти тухм ва гушти парранда коҳиш ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд низ шумораи чунин корхонаҳо дар вилоят зиёд карда шавад, зеро ин тадбир дар баробари ғанисозии бозори истеъмолӣ ҳамчунин ба танзими нархи тухм мусоидат карда, сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар вилояти Суғд 136 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 96 корхона тухм ва 40 корхона гушти парранда истеҳсол мекунанд.

Дар ду соли охир дар вилояти Суғд 60 корхонаи парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои паррандапарварӣ 170 миллион дона тухм ва 5 ҳазору 98 тонна гушти мурғ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 – 32 миллион дона тухм ва 1 ҳазору 774 тонна гушти парранда зиёд мебошад.