Санаи 15 апрели соли 2022 вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳайати Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо дар Душанбе, таҳти роҳбари Вук Жугич баргузор гардид.
Дар ҳошияи вохурӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори Агентӣ, аз ҷумла мусоидат дар хариди таҷҳизоти махсус ва лабараторӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, инчунин оид ба баргузори чорабиниҳои гуногун дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъовар дар Тоҷикистон барои соли 2022 ба имзо расонида шуд.
Дар анҷоми вохурӣ, ҷаноби Вук Жугич аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманди Агентӣ ва Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуд.