24 майи соли ҷорӣ дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби Директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба ҷаноби Чжан Мин маълумот пешниҳод карда шуд.
Сипас, ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор дода, аз рафти татбиқи стратегияву барномаҳои зиддимуххадиротии қабулшуда изҳори қароатмандӣ карданд.
Дар ин робита, Директори Агентӣ бори дигар таваҷҷуҳи Дабири кулро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ҷалб намуда, зарурати таъсиси чунин марказро таъкид намуданд.
Ҷаноби Чжан Мин дар суханронии худ нақши Агентӣ ва саҳми мақомоти зиддимухаддиротии кишвари моро дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, доир ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ андешаҳои худро иброз намуд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан карда, дар сузонидан ва нобуд кардани маводҳои нашъаовар иштирок намуданд.
Дар интиҳо ҷаноби Чжан Мин таассурот ва тамманиёти худро дар китоби фахрии Агентӣ қайд намуд.










