30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот карданд.
Дар вохурӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд миёни Тоҷикистону Эрон барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба муфид медонем.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя андешаронӣ карданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мардумони дӯсту бародари ду кишварро арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиё, аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.