Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 23- юмин солгарди таъсиси Агентӣ

Санаи 1 уми июни соли ҷорӣ дар толори бинои Агентӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рузи таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарият, муовинон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Нахуст ба толор парчами давлатӣ ворид карда шуда, суруди миллӣ аз ҷониби кормандон садо дода шуд.

Директори Агентӣ, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода дар оғози суханронии худ роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентиро бахшида ба рӯзи иди касбиашон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки воқеии хатари глобалии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар муборизаи қотеона бурда, талошҳои худро бо ин зуҳуроти хатарбор равона намудааст.

Бояд қайд намуд, ки имсол аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд рӯзи якуми июн – “Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар” таҷлил карда мешавад. Дар сатҳи қонун ҷой додани иди касбии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавваҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакатамон ба мақомоти Агентӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми 23 соли фаъолияти худ Агентӣ ба як мақоми махсуси ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфтааст, ки дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии нашъамандӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва умуман дар амалигардонии сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамчунин, дар ин замина ҳар як корманди Агентиро мебояд дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб сипари боэътимод буда,  солимии ҷомеаро аз мубталошавӣ бо нашъамандӣ ҳифз намояд.

Дар анҷоми ҷаласаи мазкур якчанд нафар кормандон баҳри хизматҳои шоёни худ бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои хизматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Кормандони ҷавони нав ба кор таъингардида баҳри садоқат ба вазифаи дар наздашон истода ва ба халқу Ватан савганди ҳарбӣ қабул намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Агентӣ дар фазои хотирмон ба анҷом расонид.