Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ-2022”, кори худро оғоз намуд

Дар асоси нақшаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 то 25-уми  июни соли 2022 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба 26 июн Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” дар шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода ва дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Мақсади баргузории чунин як чорабинӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, сарчашма гирифта, ба роҳ андозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, равона гардидааст.

Санаи 17-уми июни соли ҷорӣ “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар”, ба шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расид ва кори худро аз инҷо оғоз намуд.

Чорабинии мазкур дар театри мусиқи- мазҳакавии ба номи  Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасиссаҳои гуногун, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон  зимни баромади худ иброз намуданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро, роҳандозӣ менамоянд.

Дар ин раванд, намояндагони Агентӣ, қайд намуданд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз аз рӯзи аввали фаъолияти худ бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли он, муборизаи оштинопазир мебарад.

Инчунин,зикр карда шуд, ки вазъияти кунунии ҷомеа ҳар фарди бонангу номуси кишварро водор месозад, ки бо дарку масъулияти баланди худшиносию худогоҳии миллӣ ва инсондустию ватандории худ, дар пешгирӣ ва мубориза ба нашъмандӣ бетараф набошанд. Дар ҳамбастаги бо сохторҳои марбута фаъолият намуда, барои коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ тамоми тадбирҳоро истифода бурда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз хавфи нашъамандию нашъаҷаллобӣ муҳофизат намоянд.

Дар навбати худ намояндаи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба муҳимияти варзиш дар ҳаёти инсон, чун гарави саломатӣ, таҳкимбахшандаи дӯстию рафоқат миёни халқу миллатҳо, шуғл ба варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим андешаронӣ намуд.

Дар доираи чорабинии зиддинашъамандӣ ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян гаштанд.

Дар мусобиқаи мазкур байни писарон ҷой аввалро муассисаи  таҳсилоти миёнаи умуми №9, ҷойи дуюмро муассисаи  таҳсилоти миёнаи умуми №3 ва зинаи сеюмро мактаби варзиши шаҳри Хоруғ   соҳиб гардиданд, миёни дастаҳои духтарона низ муассисаҳои таҳсилоти дар боло зикргардида ғолиб гардидаанд.

Инчунин бозингарони беҳтарини дастаҳо интихоб гардида, ба  ғолибони мусобиқа мукофотҳои  омоданамудаи ташкилкунандагони чорабинӣ аз қабили Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабини аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ба номи “Модар маро бубахш” манзури тамошобинон гардида,  барномаи консерти омоданамудаи бахши фарҳангии шаҳри Хоруғ анҷоми чорабиниро хотирмон намуд.