Санаи 18-уми июни соли 2022 чорабинии муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ -2022”, кори худро дар шаҳри Кӯлоб идома дод.
“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” фарогири чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ буда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба роҳ монда шудааст.
Пушида нест, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаи мураккаб ва муҳими байналмилалӣ буда, дар радифи дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва терроризму экстремизм ба суботу амният ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ кишварҳо таҳдид менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадафи ин корвон роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир дар ҷомеа мебошад.
Қисмати ҷамъбастии чорабинии мазкур зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар”, дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон доир гардид.
Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, бахусус истеъмоли он ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тайи ду рӯз дар доираи чорабинии зиддинашъамандӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳри Кӯлоб аз вазни 32 кг то 68 кг доир карда шуда, ҷамъбаст гардид.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ тўҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, нафароне, ки барои дар сатҳи баланд доир гаштани чорабинии муштарак саҳми босазо доштанд, бо сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар хотимаи чорабинӣ, ки аз қисмати фарҳангию фароғатӣ иборат буд, аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ бо номи “Модар маро бубахш” манзури тамошобинон гардида, сурудҳои дар васфи Модар – Ватан сароидаи ҳунармандони бахши фарҳангии шаҳри Кӯлоб дар хотимаи чорабинӣ боиси болидихотирии ҷамъомадагон гардид.